Конфронси ҳизбӣ дар донишкада: “30- соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таърихи 13 – уми сентябри соли ҷорӣ ҳамоиши бузурги Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар шаҳри Бӯстон доир гардид.

Нахуст гуруҳи калони меҳмонони ҳамоиши мазкурро дар Маҷмааи “Дасти Дуои модар” раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Муинӣ Мавсума Муинзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид,вакилони мардумӣ беш аз 200 нафар донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон, ва хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон дар даст шиору овезаҳо таҳти кафкубиҳо ва карнайу сурнай ва парчамҳои давлатӣ, аъзоёни фаъоли ҳизб ,меҳмононро самимона истиқбол намуда Албом – эстафетаро дар вазъияти тантанавӣ аз шаҳри Конибодом қабул намуданд.
Ҳамин тавр қисмататҳои асосии ҳамоиши Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бо иштироки Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат, раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Муинӣ Мавсума Муинзода, 18 раисони Кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва ҷавонони фаъоли вилоят Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, ректори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ дар Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикиситон идома ёфт.
Дар саҳни донишкада меҳмонон сароғоз аз дастовардҳои хонандагону омӯзгорон,варзишгарону иштирокчиёни озмуну оилимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ки ба намоиш гузошта шуда шуда буд шинос гардиданд.
Дар ҳаминҷо як машқи низомӣ аз ҷониби ҳайати шахсии афсарону сарбозони қисми ҳарбии 051056 бо руҳияи ватандӯстӣ,ватанпарварӣ ба меҳмонон намоиш дода шуд.Дар вазъияти идона ба хонандагону донишҷӯён шаҳодатномаҳои ТҶҶ ” Созандагони Ватан” ва шаҳодатомаи ҳизбӣ аз тарафи меҳмонон супорида шуд.
Баъдан дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон ҳамоиши илмиву фарҳангӣ Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба кори худ оғоз бахшид.Сароғоз Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид собиқадорони ҳизбу меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонони фаъол – аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”меҳмонони гиромиро ба чорабинии мазкур хайрамақдам намуда ёдовар шуд,ки имрӯзҳо бошад, мардуми ваҳдатшиори мамлакат боз як руйдоди таърихӣ – 30 солагии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовези азими меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Бешубҳа ин анҷумани саодатофар дар таҳкими истиқлоли миллӣ, оромию суботи сиёсӣ, баҳамойии тарафҳои муқобил саҳми шоиста дорад. Таърихи начандон дури кишвар собитгари он аст, ки дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи як шахсияти мондагор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар такя ба нерӯи бузургу хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ созанд.
Сипас Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон баромад намуда таъкид намуданд,ки мо ба он хотир ба ин Иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки ба шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои Санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ ҳам гаштем.
Маҳз қасри таърихии Арбоб, ки аз маҳбубтарин мавзеи хушобу ҳаво ва таърихии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб мешавад, ба олами сиёсат шахсиятеро овард, ки бо дониши баланди фитрӣ, маҳорати хоссаи ташкилотчигӣ, ҳисси баланди миллӣ ва диловарию шуҷоатмандӣ тавонист давлати фалаҷгаштаро ҷон ва нерӯ бахшад, дар дили сокинон умед ба фардои неки миллатро бедор созад.
Гуфта шуд,ки сӣ сол муқаддам дар ҳамин толори таърихӣ Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд.
Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад.
Метавон ин иҷлосияро ҳамчун пойдевор ва Кохи мӯҳташами сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод.
Дар иҷлосия ҳайати нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия ва дар амал татбиқ намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.
Сониян раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Муинӣ Мавсума Муинзода суханронӣ намуда кулли меҳмон, аъзои фаъоли ҳизб ҷавонони саодатманди диёрро ба шаҳри Бӯстон шодбош намуданд.
Мввсуф зимни баромади хеш изҳор доштанд,ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонун дар ниҳоди насли ояндасози кишвар аст, ки аз дастур ва ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҳизб бармеояд, мебошад маҳсуб меёбад.
Сипас Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат аз нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмоиалӣ Раҳмон дар тахкими сулҳу ваҳдати комилӣ сиёси ва хизматҳои мондагору фаромушанашавандаи ин марди наҷиб шахсияти таърихӣ ёдовар шуданд.
Содиқов Орифҷон иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиротҳои хешро дар рӯзи баргузории Иҷлосия солҳои 1990 -1992) дар Қасри муҳташами Арбоб ба ҳозирин ёдовар намуд.
Ҳаимонтавре, ки дар боло ишора шуд, таърихи навини Ҷумҳури Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ва ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Баъдан Иноятзода Фотима аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” баромад намуда зикр кард,ки Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле ҳассос ва вазнини кишвар доир гардида, бо вуҷуди он, ки он дар минтақаи аз лиҳози амнияти ором доир шуда бошад, ҳам аз ҳар як иштирокчии Иҷлосия, далериву шуҷоматмандиро тақозо мекард. Он масъалаҳое, ки дар рӯзномаи кори ҷаласа бояд баррасӣ мешуданд, маҳз бо талош ва самараҳои фаъолияти вакилон вобастагии калон дорад. Имрӯз аз равзанаи таърих ба он лаҳзаҳои тақдирҷунбони кишвар дида медӯзему корномаҳои вакилони воқеан ҳам мардумӣ ба хотир меояд.
Ёдовар мешавем,ки чорабинии мазкур маҳз аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки оғозгоҳи роҳи босаодати миллат ҳисобида мешавад, оғоз гардида, ҷамъбасти он низ баъди давр задани Албом дар 67 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба осорхонаи Қасри таърихии Арбоб тақдим карда мешавад, ки оянда меҳмонони осорхона аз меҳру муҳаббат, садоқат ва пайрави Пешвои миллат будани насли ҷавони имрӯз огаҳӣ ёбанд. Итминони комил дорем, ки Албоми мазкур башоратдиҳандаи сулҳу ваҳдати комили кишвар гардида, барои таҳкими дӯстии ҷавонони диёр нақши муассир мегузорад.
Дар интиҳо собиқадорони ҷанг ва меҳнат, донишҷёну омузгорон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар фазои тантанавӣ қадордонӣ карда шуданд.
Барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги шаҳр ба ҳамоиши идона шукӯҳи хоса бахшид.