Имрӯз, дар толори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёни донишкада бо намояндагони корхонаи муштараки “Зарафшон” ё худ корпоратсияи кӯҳкории “Зиҷин” баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур нахуст директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон суханронӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, оид ба ҳамкориҳои тарафайн, кӯмакҳои корхона ба донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон изҳори андеша кард. Баъдан, байни Донишкадаи Конфутсий ва Корхонаи муштараки “Зарафшон” созишнома баҳри амалӣ намудани лоиҳаи кӯмакҳои молиявӣ ба донишҷӯён ба имзо расонида шуд. Зимни мулоқот намояндагони КМ “Зарафшон” мененҷери генералӣ Ву Лей ва директор оид ба кадрҳо Ли Иҳонг таъкид намуданд, ки Корхонаи муштараки “Зарафшон” калонтарин корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон буда, кормандони зиёдеро ба кор таъмин намудааст ва ба кадрҳои варзида ва донандаи хуби соҳа ҳамеша афзалият медиҳад. Мақсад аз вохӯрии мазкур ин дастгирӣ намудани ҷавонони донишманд ва донандаи хуби забони чинӣ мебошад, ки дар оянда тавонанд пас аз таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи Ҷумҳурии мардумии Чин дар ширкати “Зиҷин” дар тамоми манотиқи дунё фаъолияташонро ба роҳ монанд.
Илова намудан зарур аст, ки дар даври аввал 6 нафар донишҷӯёне, ки аз озмун мегузаранд ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин фиристода мешаванд ва тамоми харҷу хароҷот шурӯъ аз роҳкиро то маблағи хӯроквориву макони зист дар давоми панҷ сол аз ҷониби Корхонаи муштараки “Зарафшон” пардохт карда мешавад.
Дар интиҳо як қатор донишҷӯён бо суолҳо муроҷиат намуда, аз меҳмонон ба масъалаҳои пешгузоштаи хеш хулоса гирифтанд. Қайд карда шуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳо бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беҳтар ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи Конфутсий курсҳои омӯзиши забони чинӣ роҳандозӣ карда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд, дар он номнавис гардида, забони чинӣ омӯзанд.
Шуъбаи иттилоот