Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласаи назоратӣ ба омӯзгори фаъоли кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раҳимҷон нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро тақдм намуд.
Ёдовар мешавем, ки Бобоев Раҳимҷон яке аз омӯзгорони фаъол ва пуртаҷриба буда, умри хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон намудааст.
Бобоев Раҳимҷон аз олимони сермаҳсул буда, чандин китобу монографияҳои илмӣ ва мақолаҳояш дар ҷумҳурӣ ба табъ расида, дастраси аҳли илм гардидааст. Асарҳои таҳиянамудаи ин пажӯҳишгари донишкада имрӯз мавриди омӯзиш ва истифодаи олимон ва донишандӯзан дар саросари кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби роҳбарияти вазорат ва донишкада қадрдонӣ намудани Бобоев Раҳимҷон бо чунин нишони воло барои аҳли донишкада мояи ифтихор мебошад.
Шуъбаи иттилоот