Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар чорабинии бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида, тантанавор ба олими ҷавон, ҷавони ватандӯст, ғолиби озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”, омӯзгори фаъол Раҳимов Ҳаётқул медали сарисинагӣ, шаҳодатнома ва дипломи ҷойи аввалро, ки ӯ дар озмуни Иттиҳоди давлтаҳои мустақил сазовор гардид, супорид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Раҳимов Ҳаётқул ҷиҳату талош ва заҳматҳояш изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки роҳбарияти донишкада пайваста олимони ҷавонро дастгирӣ менамояд ва дар ҳама ҳолат омода аст, ки баҳри рушди илм мусоидат намояд. Қайд намудан зарур аст, ки Раҳимов Ҳаётқул аз омӯзгорони фаъол ва пурталош буда, имсол таҳқиқоти илмияшро дар озмоишгоҳи донишгоҳи МИСИС-и шаҳри Маскав гузаронид, ки ин ҳам як муваффақияти беназир дар ҷодаи илм мебошад. Ногуфта намонад, ки Раҳимов Ҳаётқул аз ҷавонони ифтихории донишкада буда, дар рушди илму маориф, таълиму тарбия саҳми арзандаи хешро мегузорад. Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада аз ин олими ҷавон умеди калон дорад ва умедворем, ки заҳматҳои Раҳимов Ҳаётқул баҳри рушди илми ватанӣ самар медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур байни муассисаҳои олии таълимии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамасола баргузор мегардад ва ғолиби имсолаи озмуни мазкур корманди донишкада, олимиҷавон Раҳимов Ҳаётқул гардид.
Қайд намудан зарур аст, ки имсол барои нашри мақолаи илмии беҳтарин дипломи ҷойи аввали ИДМ ба ғолиби озмун- омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Раҳимов Ҳаётқул супорида шуд.
Шуъбаи иттилоот