Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳамеша манфиатдор аст ва доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як имконияти мавҷударо хусусан дар мавриди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ пурсамар истифода барад. То ин замон, ҳамкориҳои байналмиллалии илмии донишкада дар риштаҳои гуногун тақвият ёфта истодаанд. Олимони донишкада бо ҳамкории доираҳои илмии мамолики дуру наздик корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд, ки натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи нек мебошад.
Дар ин замина, санаи 04.09.2022 сол, ба муносибати зодрӯзи олими машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ, – асосгузори илми сангшиносӣ дар ҳамҷоягӣ бо Ассосиатсияи геологони Эрон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмии маҷозӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимони тоҷик ва эронӣ иштирок варзиданд. Кори конфронсро проф., Ассосиатсияи геологони Эрон, Мансур Ғорбанӣ ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Шиносоӣ бо шахсиятҳои калидии рағбат ба илми Замин таваҷҷӯҳтошта” маъруза кард. Дар кори конфронс профессор Фирӯз Малахов, профессор Алӣ Фаразманд, профессор Сафаралиев Носир, профессор Ҳабибулло Қосимӣ ва муовини ректори оид ба таълим, муовини аввали ДКМТ профессор Насриддинов З.З. маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки профессор Насриддинов З.З. дар мавзӯи “Соҳаи геология ва асоси илми геология дар Хуҷанд ” маърӯза намуда, оид ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки маркази асосии омода намудани мутахассисони ин соҳа мебошад ба иштирокчиёни маълумоти комил ироа намуд. Ӯ қайд намуд, ки донишкада дар Шимоли Тоҷикистон ягона муассисае мебошад, ки мутахассисони соҳаи геологияро омода менамояд.
Конфронси мазкур хеле ҷолиб бо муҳокима 4 соат давом ёфт.
Шуъбаи иттилоот