Имрӯз, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озмоишгоҳи кафедраи фанҳои табиӣ-илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҷҳизотҳои замонавиро тақдим намуд.
Таҷҳизотҳоро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо қабул намуда, ба озмоишгоҳ супориданд.
Дар арафаи Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ ин иқдом аз ҷониби омӯзгорон хуш пазируфта шуда, ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии хешро баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот