Дирӯз, дар толори ведиоконфронси донишкада мулоқоти роҳбарияти донишкада бо профессори Донишгоҳи Акитои Ҷопон Ёшитака Ҳосой ва намонядаи ширкати JICA (ҶАЙКА) баргузор гардид. Аз донишкада дар мулоқоти мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввал профессор Насриддинов Замониддин, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ профессор Муҳаммадиев Акбархон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули ширкат намуда, бо профессор Ёшитака Ҳосой роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба бо донишгоҳи мазкур ва ширкати JICA (ҶАЙКА) дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия суҳбат намуданд.
Таъкид карда шуд, ки минбаъд бо густариш ёфтани ҳамкориҳо магистрон ва доктрантони донишкада метавонанд дар кишвари Ҷопон ба муҳлати 3 ё 4 сол таҳсил кунанд ва ё пажӯҳиш гузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур хеле муҳим буда, барои гузаронидани корҳои баландсифати пажӯҳӣ дар самти кӯҳкорӣ мусоидат менамояд.
Шуъбаи иттилоот