Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Маърифат”-и донишкада бо ширкати муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Муртазохон Зуфар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон муҳтарам Ҷалолзода Миршакар, раиси Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” ректори донишкада профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр, муовини раиси шаҳри Бӯстон Нурзода Мамнур ва дигар омӯзгорону аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Маҳмадалӣ Бахтиёр ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти ташкилот ҳисобот дод. Таъкид карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии”Маърифат”-и донишкада яке аз ташкилотҳои фаъоли ҳизбӣ буда, дар ин давра як қатор корҳои зиёдеро ба сомон расонид.
Пас аз ин интихоби раис, муовинони раис, котиби конфронс гузаронида шуд.
Ҳамчунин, роҷеъ ба масъалаҳои дар рӯзнома буда, директори Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ва дигарон баромад намуданд. Сипас, муовини раиси КИ ҲХДТ Латифзода Асрор, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Муртазохон суханронӣ намуда, фаъолияти кори ташкилоти ибтидоиро баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар конфронси ҳисоботӣ- интихоботии Ташкилоти ибтидоии”Маърифат”-и донишкада раиси ташкилот ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ интихоб карда шуд.
Дар интиҳои конфронс ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба деканон ва аъзоёни фаъол сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот