Санаи 15.06.2022 байни роҳбарияти Донишкдаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Кузбасси Федератсияи Руссия гуфтушунид тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби донишкада дар гуфтушуниди мазкур муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал профессор Насриддинов З.З , сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев А.Н ,сардори шуъбаи аспирантура ва машистратура Муҳаммадюсупова Ш.А ва дигарон иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Насриддинов З.З аввал дар бораи донишкада маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд пешниҳодҳои муфид ироа намуд.
Дар гуфтушуниди мазкур масълаҳо оид ба магистратура , мубодилаи кормандону донишҷӯён ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ дида шуд. Дар ин замина, гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, магистрантон ва докторантон дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барарсӣ карда шуд. Бандҳои шартномаи тарафайн, ки баста шудааст, фаъол гардонида шавад, арз доштанд ҷонибҳо. Ҷонибҳо барои ҳамкории судманд кушиш ба харҷ дода, дар ояндаи наздик бандҳои шартномаро амалӣ хоҳанд гардонид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон иттилоъ дод.