Имрӯз, ба донишкада ҳайати баландпояи идории ширкати Enter Engineering-и Ҷумҳурии Узбекистон, ки тоза дар натиҷаи сафари охирини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар муҷаввизи коркарди кони оҳани Шоҳқадамро, ки дар вилояти Суғд воқеъ аст, дарёфт намудааст, омад.
Ширкатро муовинони идорӣ ва истеҳсолии он, мутахассисони самтӣ, роҳбарони зерсохторҳои он, муҳандисон, геологон, лоиҳакашон ва дигар мутахассисон намояндагӣ карданд. Онҳо бо роҳбарият ва мутахассисони варзидаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба ҳамкорӣ дар коркарди кон, таъмини маълумотҳои илмиву истеҳсолӣ, ҷалби мутахассисон, донишҷӯён ва олимон, муколама намуда, ба тафовуқ расиданд, ки бо ба имзо расонидани як шартномаи расмӣ, минбаъд Донишкада дар масири омӯзиш, лоиҳакашӣ, коркард ва равандҳои истеҳсолии кони Шоҳқадам, ширкатро ҳамроҳӣ хоҳад намуд. Моҳи ҷорӣ ҳайъати мутахассисони Донишкада ҷиҳати боздид ва шинос шудан аз фаъолияти коргоҳи мазкур ба қароргоҳи марказии ширкат ба шаҳри Тошканд даъват гардиданд.
Вохӯрӣ дар натиҷаи ҳамкориҳои инфиродии ҳайатҳои роҳбарикунандаи Донишкада ва ширкати мазкур дар шахсияти профессор Насриддинов Замониддин ва Назир Шарифӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноати кӯҳию металлургӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва ҳамзамон баҳри ҷалби сармоягузорони хориҷӣ низ дар ин самт талошҳо ба харҷ медиҳад.
Ин аввалин коргоҳи хориҷӣ нест, ки бо мутахассисони варзидаи соҳа дар донишкада ҳамкорӣ менамояд…
Шуъбаи иттилоот