Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони корхонаи ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баргузор гардид. Сараввал меҳмононро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин барои ташриф ва ҳавасмандии ҳамкорӣ миннатдорӣ изҳор намуд. Қайд карда шуд, ки ҳамкориҳо байни донишкада ва корхонаи мазкур боз ҳам тақвият ёфта истодааст.
Меҳмонон зикр намудаанд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳама сола ба корхонаи мазкур аз сафи хатмкунандагон мутахассисони ҷавонро барои кор сафарбар карда истодааст ва онҳо воқеан донишу малакаи хуб доранд, инчунин дар кору фаъолияташон натиҷаҳои назаррас нишон дода истодаанд. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, ташкили лабораторияҳо, бурдани корҳои илмӣ-татқиқотӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек иттилоъ дод.