Дирӯз, донишҷӯён ва магистрони кафедраи коркарди канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ имтиҳони давлатиро супориданд, ки кормандони шуъбаи иттилоот аз ҷараёни имтиҳонсупории донишҷӯён иттилоъ гирифтанд. Ҷараёни имтиҳонсупориро муовини декан, намояндаи раёсати таълим ва раиси КАД назорат намуданд. Кафедраи коркарди канданиҳои фоиданок яке аз кафедраҳои фаъол ва зарурӣ барои саноати кӯҳкорӣ буда, беҳтарин мутахассисонро дар ин самт омода менамояд. Мудирияти кафедраи мазкурро олими ҷавон Мутаваллиев Абдуваҳҳоб бар зимма дорад ва аз замони оғози фаъолият то ба имрӯз хеле корҳои ободкориро дар кафедра ба сомон расонидааст.
Ҳамзамон, ёдовар шудан ба маврид аст, ки ихтисосҳои кафедраи мазкур барои соҳаи саноати кӯҳкорӣ хеле муҳим буда, хатмкунандагони ин соҳа метавонанд, фаъолияти намунавӣ дошта бошанд.
Шуъбаи иттилоот