Санаи 1.06.2022с. вохӯрии ҳамҷояи кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳан» -и таъмири қатораҳои «Маҳрам» баргузор гардид. Дар вохӯри аз корхонаи мазкур Саидвалиев Абдураззоқ чонишини сармуҳандиси корхона ва Ҳошимов Иномҷон Қосимович сардори шуъбаи техникӣ иштирок доштанд. Пас аз шиносоӣ бо донишҷўён оид ба масъалаҳои хамкорӣ ҷиҳати таъмин гаштани корхона бо мутахассисони соҳа суҳбати ошкоро баргузор гардид.
Аз баромади намояндагони корхонаи мазкур бармеояд, ки аксарияти мутахассисони корхона нафақахўр ё наздик ба синни нафақа буда эҳтиёҷи мутахассисони ҷавонро доранд. Бинобар он дархост карда шуд, ки хатмкунандагон ва донишҷўёни донишкадаро бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин карда мешаванд инчунин имтиёзхои роҲкиро дода мешавад.
Дар масъалаи гузаронидани таҷрибаомўзии истеҳсолӣ барои донишҷўён шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад. Минъбад шумораи зиёди донишҷўёнро низ ба таҷрибаомўзии пешаздипломӣ равон гардидан ва ҷихати интихоби мавзўи рисола ва роҳбарии онро аз тарафи мутахассисони корхона имконияти васеъ доранд. Умуман ҷаласаи хамкорӣ муфид ва саривақтӣ баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот