Имрӯз, пас аз роҳпаймоии идона ректори донишкада бо ҷамъе аз кормандону омӯзгорон дар чорабинии идона бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид ширкат намуд. Қабл аз оғози чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо шоири ваҳдатсаро Мирзо Аҳмади Ҷӯразод мулоқот намуда, ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои донишкада аз ӯ даъват ба амал овард. Мирзо Аҳмад яке аз шоирони меҳандӯст ва ваҳдатсаро буда, бештар дар мавзӯи ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат таронаҳо сурудааст.
Сипас, роҷеъ ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.
Баъдан дар чорабинии мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзӯи “Сулҳу ваҳдатро тараннум ва амалҳои ифротиро маҳкум менамоем” ва Раҳимов Ҳаётқул омӯзгори ҷавон дар мавзӯи “Пешвои миллат-ғамхори ҷавонон” суханронӣ намуда, ба ҳозирин Рӯзи ваҳдати миллиро табрику таҳният гуфтанд.
Шуъбаи иттилоот