Ширкати омӯзгорону кормандон дар роҳпаймоии идора бахшида ба 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҷамъе аз омӯзгорону кормандон дар роҳпаймоии идона бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Бӯстон ширкат намуданд.

Ҷамъомадагон зери шиорҳои “Тоҷикистон ба пеш!”, “Пайравони Пешвои миллатем!” ва “Ваҳдат самараи талошу заҳматҳои Пешвои миллат аст” садо баланд намуда, то назди майдони Парчами давлатӣ қадамзанон гузаштанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба муносибати 25-солагии  Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо гузаронида мешавад.

 

Шуъбаи иттилоот