Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ба номзади илмҳои техникӣ, раиси иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад шаҳодатномаи Идораи Патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки олими ҷавон ва мутахассиси варзидаи соҳа Давлатов Давлатмаҳмад патенти хешро дар ихтирои ” Тарзи тоза намудани обҳои ҷоришаванда аз ионҳои металлҳо” ба даст овардааст.
Давлатов Давлатмаҳмад яке аз олимони ҷавон ва фаъол буда, мақолаҳои илмияш ба ҷуз маҷаллаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ҳамчунин, дар қатори олимони маъруфи донишкада дар маҷаллаҳои илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон ба нашр расидааст.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ин фаъолият ва талошҳои Давлатов Д.-ро ба эътибор гирифта, чанд нуктаҳои муҳимро зимни тақдими шаҳодатнома таъкид намуд ва дар корҳои ояндаи олими ҷавон муваффақиятҳо таманно кард.
Шуъбаи иттилоот