Имрӯз, дар толори Шӯрои олимон мулоқоти муҳими прокурори шаҳри Бӯстон Кенҷазода Нурулло Ҳувайдулло баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, прокурори шаҳри Бӯстон Кенҷаев Н.Ҳ. роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллати тоҷик, оид ба меҳандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, оид ба риои қонунҳо ва меъёрҳои муқарраргардида ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуда, роҷеъ ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва ҳифзи манофеи давлату миллат таъкид кард.
Дар интиҳо суолу ҷавоб шуда гузашт, ки ҳозирин ба суолҳои хеш посух гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот