Дирӯз, кормандону омӯзгорон дар Семинари омӯзишии “Оид ба баррасӣ намудани камбудиҳои дар самтҳои гуногуни фаъолият дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва роҳҳои бартараф намудани онҳо” ба тариқи онлайн ширкат намуданд.
Қабл аз оғози ҷаласаи мазкур муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин моҳияти мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ дода, аз кормандон тақозо намуданд, ки фаъолона ширкат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз кормандону омӯзгорон дар ҷаласаи мазкур муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ширкат варзиданд.
Таъкид намудан зарур аст, ки дар семинари мазкур аз тамоми донишкадаву донишгоҳҳо ва шуъбаву раёсатҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ тариқи маҷозӣ ҳузур пайдо намуданд.
Шуъбаи иттилоот