Имрӯз, донишҷӯёни бахши дуюми ихтисосҳои 510201-01-01, 510201-02 ва 510201-03-и кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо роҳбарии мудири кафедраи мазкур Мутаваллиев Абдуваҳҳоб ва омӯзгорон Бобоҷонов Савриддин., Муслимзода Хайём таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоиро дар ҶДММ “Элегант” гузаштанд.
Донишҷӯён нахуст бо қисмҳои эҳтиётӣ ва техникаи бехатарӣ шинос шуда, сипас бо асбобҳои корӣ ва таҷҳозоту истифодаи он баҳраманд гардиданд, ки ин чиз минбаъд барои омӯхтани соҳа мусоидат менамояд ва аз ҷониби дигар донишҷӯро ба марҳилаи нав ошно месозад.
Ёдовар мешавем, ки таҷрибаомӯзии мазкур тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот