Гирандагони стипендияи Раиси вилоят қадрдонӣ шуданд

Имрӯз, дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби раиси вилоят як қатор гирандагони стипендияи раиси вилоят қадрдонӣ гардиданд, ки дар миёни онҳо 10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ҳастанд. Боиси ифтихор аст, ки имсол сафи гирандагони стипендияи Раиси вилоят миёни донишҷӯён меафзояд ва ин ифтихори баланд мебошад.

Зимни эътои туҳфаҳо дар толори маҷлис донишҷӯёни донишкада миннатдории хешро ба роҳбарияти вилояти Суғд иброз доштанд.

Шуъбаи иттилоот