Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 24 июни соли 2022 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶОМЕА» бахшида ба 25-умин солгарди Имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, баргузор менамояд.
Самтҳои конфронc:
- Муқовимати сиёсӣ ва заминаҳои эҷоди андешаи ваҳдати миллӣ.
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – поягузори сулҳи тоҷикон.
- Амалӣ гардидани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон.
- Ваҳдати миллӣ ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ.
- Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ.
- Таъсири ваҳдати миллӣ дар пешрафти маорифи халқ.
Маводҳои конференсия
Конференсия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешавад. Забони фишурда ва ё маърӯзаҳо ихтиёрист.
Барои шомил шудан ба ҳайати иштирокчиёни конференсия, инчунин саривақт нашр кардани фишурда ё маърӯзаҳо, бояд то санаи 10 июни соли 2022 маводҳои зеринро ирсол намоед:
а) матни фишурда ва пурраи маърӯза.
б) вараќаи иштирокчии конференсия.
Нишонии электронӣ барои ирсол кардани мақолаҳо:
e-mail: ikromabdulloev@mail.ru
Ёдовар мешавем, ки маводҳои хешро олимон метавонанд на дертар аз муҳлати муқарраршуда, яъне то 10 июни соли 2022 ба суроғаи: 735730, вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон, кӯчаи Баротов А., 6 ирсол намоянд.
e-mail: ikromabdulloev@mail.ru
тел.: +992 92 755 57 13
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ