Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 77-умин солгарди ҶБВ баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, собиқ хидматчиёни низомӣ ва донишҷӯёну омӯзгорон ширкат намуданд. Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ватандӯстӣ, саҳми гузаштагон дар ғалаб бар фашизм ва талошҳо барои якпорчагии давлат сухан ронда, саҳми гузаштагонамонро дар Ғалабаи ҶБВ муҳим арзёбӣ кард. Сипас, ҳозиринро бахшида ба ин рӯз табрику таҳният гуфта, ба як қатор омӯзгорону ғолибони озмунҳо сипосномаҳо тақдим намуд.
Дар фарҷом аз ҷониби ансамбли “Ҷилои ёқут” сурадҳои ватандӯстонаву тарбиявӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи иттилоот