МУЛОҚОТИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ “ДОНИШГОҲ” З8, МАВСУМА МУИНӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

4-уми майи соли 2022, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мулоқоти номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ” №38, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Муинӣ Мавсума Муинзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Маҷлис бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода оғоз гардида, шахсияти номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ” №38, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Муинӣ Мавсума Муинзода муаррифӣ карда шуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти мавсуф маълумот дода шуд.
Баъдан, сухан ба шахси боэътимоди номзади худпешбар Хисравбекова Туҳфа Мамадбековна Самадова Биқурбон-муовини директори Литсейи №1-и шаҳри Бӯстон дода шуд. Номбурда доир ба ҳаёт ва фаъолияти Хисравбекова Т.М. сухан ронда, масъалаи нуқтаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзадро баён намуд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Донишгоҳ” №38, андешаронӣ намуда, оид ба ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии хеш, ки аз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад ибрози назар кард.
Зимни суханронии хеш Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки “21-уми декабри соли 2021, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ва дар он Ҷаноби Олӣ дастур доданд, ки вакилон, аъзои Ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва умуман мардуми шарифи кишвар тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонии босуръат, ободиву созандагии Ватан ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намоянд ва ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.”
Баъдан, мавсуф, доир ба нуқтаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии хеш сухан ронд. Аз ҷумла, ҳадафҳои пешбинишуда дар самти ташкили корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии мардум, дастгирии иҷтимоии сокинон, рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, таъсиси корхонаҳои хурду бузург ва дар ин замина таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ, рушди соҳаи саноат ва коммуникатсия ва умуман беҳтар гардонидани шароити зисти мардум хосатан қайд карда шуданд.
Аз ҷониби ҷавонони фаъол ва интихобкунандагон ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамраъйӣ карда шуда, миёни номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муинӣ М. ва интихобкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.