Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар конфронси илми амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Омода намудани мутахассисони касбӣ ва рақобатпазири бозори меҳнат дар доираи ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ”-и Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат дар кишвар рушд намуда, имрӯзҳо аллакай самараи саноатикунониро дидаистодаем. Дар назди мо имрӯз масъулияти баланд, яъне омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа меистад, ки мо бояд тамоми талошҳоямонро дар ин самт равона созем.
Сипас, як қатор меҳмонон аз донишгоҳҳои Хуҷанд ва маркази ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои конфронс директори филиали мазкур ба як қатор ширкаткунандагон сипосномаҳо тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоот