Санаи 23.04.2022с. дар донишкада шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи донишкада, заминҳо, гулгаштҳоро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шанбегии мазкур баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии сайёраи Замин” гузаронида шуд.