21- уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” баргузор гардид, ки дар рафти он ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” қадрдонӣ шуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм Р.Саидзода зикр кард, ки баргузории ин гуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастгирии ҷавонон ва қадрдонӣ аз хизмату заҳматҳои онҳо ба ҳисоб меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвон “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” аз соли 2016 инҷониб миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.
Соли равон аз 15 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба озмун 141 корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён пешниҳод гардид, ки тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон ба беҳтарин корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм пешбинӣ гардиданд.
Дар бахши экологияи озмуни мазкур донишҷӯи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Хоҷаева Садаф – ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист (кафедраи экология), сазовори ҷойи якум гардид.
Дар бахши геология низ ҷойи дуюм насиби Муллобеков Умедҷон – донишҷӯи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (кафедраи геология), гардид.
Ҳамзамон, 15 нафар иштирокчиёни фаъол сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Ба ғолибон аз ҷониби вазири маориф ва илм Р.Саидзода диплом ва дигар туҳфаҳои созмондодаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.