Дирўз санаи 20.04.22с. ҷамъомади ҳафтуми маҳфили Эҷодкорони техникӣ бо номи “Механика дар ҳар ҷо”, ки дар назди кафедраи фанҳои умумитехникӣ амал менамояд, баргузор гардид.
Ҷамъомадро мудири кафедраи ФУТ Воҳидов А.А. ҳусни ифтидоҳ бахшида риштаи суханро ба роҳбари маҳфил Маҳмудова С. С. дод. Роҳбари маҳфили илмии донишљўён Маҳмудова С. С. баромад намуда чунин афзуд: муқаррар карда шудааст, ки дар дараҷаи техникаи муосир 85-90% мошинҳо дар натиҷаи хӯрдашавӣ ва танҳо 10-15% бо сабабҳои дигар аз кор мебароянд. Хӯрдашавӣ арзиши истифодабариро зиёд менамояд, зеро зарурияти гузаронидани корҳои таъмирии баландарзиш ба миён меояд. Ба нархи баланди таъмир меҳнати дастии баландтахассус, ки механиконӣ ва автоматикунонидани он душвор аст, боис мегардад. Дар бисёр намуд мошинҳо, дар давраи истифодабарӣ хароҷот ба таъмир ва хизматрасонии техникӣ, ки бо фарсош ва хӯрдашавӣ вобаста аст, аз нархи мошинаи нав якчанд маротиба баланд аст. Аз ин лињоз, доир ба мавзўи мазкур донишҷӯи бахши 1-510101 тА. Хӯҷақулзода М. тасмим гирифтааст, ки дар мавзӯи «Хӯрдашавии ҷузъиётҳои таҷҳизоти саноати кӯҳию металлургӣ ва роҳҳои паст намудани он» дар маҳфили навбатӣ баромад намояд.
Хӯҷақулзода М. дар хусуси фарсоиш ва хӯрдашавӣ, сабабҳои пайдо шудан ва роҳҳои кам кардани онҳо маълумоти васеъ дода оиди ҳисоби ин меъёри коршоямии љўзъҳои мошин истода гузашт. Ӯ дар мисолҳои мушаххас (хӯрдашавии занҷирҳо, подшипникҳои лағжишӣ в.ғ) тарзи ҳисобкунӣ ва чорабиниҳои конструктивӣ ва технологии кам намудани фарсоиш ва хӯрдашавии деталҳоро қайд намуд. Презентатсия, ки бо элементҳои мултимедия ва расмҳои ранга оро ёфта буд, баромади Хӯҷақулзодаро боз ҳам шавқовар намуд.
Баромад бо рағбат гӯш карда шуд, ҷамъомадагон саволҳои зиёд доданд, баромадкунанда бо ёрии роҳбараш барои ба онҳо ҷавобҳои пурра додан кӯшиш ба харҷ дод. Қарор қабул карда шуд, ки донишҷӯёни мактабҳои олии техникӣ, яъне муҳандисони оянда бояд, ки сабабҳои хӯрдашавии ҷузъиётҳои таҷҳизоти саноати кӯҳию металлургӣ ва роҳҳои пешгирии онҳоро донанд.
Дар охир барои маҳфили оянда вазифагузорӣ карда шуд.