Даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” баргузор гардид

Тайи ду рӯз аст, ки дар донишкада даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор мегардад ва дар он омӯзгорону докторантон ва донишҷӯён ширкат менамоянд.
Дар рӯзи нахустини баргузории озмуни мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки гузаронидани чунин озмунҳо барои кашфи истеъдодҳои ҷавон, пажӯҳишҳо ва навовариҳои илмӣ мусоидат менамояд. Раёсати донишкада низ дар аввал талош менамояд, то ғолибони озмунро дастгирӣ намояд.
Ҷараёни баргузории озмунро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ва деканҳову мудирони соҳавӣ назорат менамоянд.
Қарор аст, имсол аз донишкада дар ин озмун зиёда аз 20 нафар ширкат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм -фурӯғи маърифат” ду нафар омӯзгорони донишкада ҷойҳои якум ва дуюмро сазовор гардиданд.


Шуъбаи иттилоот