Дар пешбурди сиёсати экологӣ, татбиқу амалигардонии барномаҳои давлатӣ аҳамияти ниҳоят муҳим доранд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гадидаанд, аз ҷумла, дар доираи татбиқи “Барномаи маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000” ва дар давраи то соли 2010”, “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати эколгии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то 2020” корҳои зиёде амалӣ гаштанд ва барои баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ заминаи устувор гузоштанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва тайёрии касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист системаи умумӣ ва комплексии таълиму тарбияи экологӣ ҷорӣ карда мешавад [1].
Ҳамин тавр, соли 2021 “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тасдиқ гардид, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати рафти иҷрои ин Барномаро амалӣ менамояд [2,3].
Барномаи мазкур марҳилаҳои асосии ташаккули маърифат ва тарбияи аҳолиро дар ҳама сатҳҳо, аз сатҳи томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ инъикос мекунад. Маҳз, дар ҳамин сатҳҳо асосҳои саводнокии экологии аҳолӣ, шуури экологӣ ташаккул ёфта, муносибати арзишманд ба табиат ва фарҳанги экологиро рушд менамояд.
Бо мақсади иҷроиши Барномаи мазкур дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (ш. Бӯстон) кафедраи экология дар ин самт корҳои назаррасро иҷро намуда тибқи нақшаи чорабиниҳо мунтазам фаъолият бурда истодааст. Дар кафедраи экологияи ДКМТ мутахассисон аз рӯи ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист омода карда мешаванд. Донишҷӯёни ин ихтисос имконият доранд, ки таҳсили худро на танҳо дар дохили кишвар инчунин берун аз кишвар идома диҳанд. Тибқи Лоиҳаи Ҳамоҳангсози Об Евразия II то имрӯз зиёда аз 20 нафар донишҷӯён таҷрибаомӯзии тобистонаи худро дар Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия гузарониданд [4].
Дар донишкада маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “ Муҳандис-эколог” амалӣ менамояд, ки чорабиниҳои он мунтазам дар сатҳи донишкадавӣ ва шаҳрӣ гузаронида мешавад. Чорабиниҳои ин маҳфил барои баланд бардоштани маърифати экологӣ саҳми худро мегузорад. Дар ин маҳфил донишҷӯён метавонанд, савияи дониши экологии худро баланд бардошта, доир ба ягон мавзӯҳои экологӣ баромад намуда, сӯҳбатҳо гузаронанд [5].
Маҳфили илмии донишҷўён иттиҳоде мебошад, ки бо ташаббуси донишҷўён ва намояндагони илмии ҳайати профессорону омўзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои умумии вобаста ба рушди маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ фаъолият менамояд.
Дар ҳар ҷаласаҳои маҳфил донишҷӯён бо се забон маърӯза менамоянд: бо забони тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ. Инчунин дар қисми охири ҷаласаҳои маҳфил бо истифода аз платформаи Mentimeter онлайн викторина, ки саволҳои он ба донишҳои экологӣ ва маърӯзаҳои маҳфил алоқаманд мебошад баргузор мегардад. Бо ин тавр гузаронидани викторина имкон медиҳанд, ки ҷараёни ҷаласаи маҳфил барои донишҷӯ боз ҳам шавқовартар гардад. Баъдан натиҷаҳо низ тариқи онлайн дар экрани проектор дастрас мегарданд.
Барои ташаккул додани ҷаҳонбинии дурусту васеъ ва ба марҳилаи рушди тамаддун мувофиқат кардани инсоният, дар сатҳи зарурӣ омода шудани мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳандисии муҳити зист мо бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ ва табиатшиносӣ низ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ барои солҳои 2020 – 2040” –ро пешниҳод намуданд ва қайд намуданд: “Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.”
Аз ин ҷо зарурати густариши маърифати илмӣ пеш аз ҳама донишҷӯёни моро лозим аст, ки барои беҳуда сарф накардани вақт ва босамар гузаронидани вақти хеш мебояд, бо омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ машғул шаванд. Баъзе аз ашхоси донишҷӯён фикр мекунанд, ки донистани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ ба ҳеҷ кор лозим намеояд, аммо фикри онҳо нодуруст буда, баръакс фикронии дуруст аз ҳамин гуна фанҳо сарчашма мегирад. Яке аз усулҳои зуд ва самаранок аз худ кардани дарсҳо барои донишҷӯён дар китоби “Супер донишҷӯ” нишон дода шудааст, ки ин аз тарафи кафедраи Экологияи ДКМТ ба донишҷӯёни кафедра пешниҳод карда мешавад [5, 6].
Қобилияти самаранок таҳсил кардан як қудрати бузургест, ки на танҳо барои ба даст овардани баҳои баланд мусоидат мекунад, балки инчунин барои муваффақияти минбаъда замина фароҳам меорад. Аз он китоб шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр ба осонӣ аз худ кардани маводи мураккаб ва тамоми умр онро дар хотир нигоҳ доштан ва боз чӣ гуна усулҳои таълимро истифода бурдан лозим аст, то ҳаёти ҳаррӯзаи донишҷӯён осонтар шавад. Дар китоб инчунин оид ба самаранок истифода бурдани вақт, банақшагирии корҳо методҳои махсус нишон дода шудааст.
Дар ҳақиқат амалигардонии чунин нақша чорабинҳо вобаста ба амалигардонии Барномаҳои давлатии дар боло номбаршуда барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ имкон медиҳад.
Фарҳодӣ Ангубин, донишҷӯи бахши 1, ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист
Адабиёти истифодашуда:
1. Қонуни ҶТ Дар бораи Ҳифзи муҳити зист. http://www.mmk.tj
2. Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон / http://www.koos.tj
4. Лоиҳаи Ҳамоҳангсози об Евразия II / www.waterh.net
5. Фарҳоди А. Супердонишҷӯ – усулҳои самараноки азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ / Донишкададаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон / www.gmit.tj
6. У. Шеве. Суперстудент. Как учиться быстро, эффективно и с удовольствием / Издательство: Манн, Иванов и Фербер, 2019 г.