Санаи 9-уми апрели соли 2022 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конфренсияи вилоятии илмӣ-амалии олимони ҷавон таҳти унвони “Роҳҳои баланд бардории рақобатпазирии захираҳои меҳнатию нерӯи зеҳнӣ дар таҳкимбахшии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар рӯзномаи конфронс мақолаи илмии Собирова Ш. ва Ҷалолов А.Ҷ. дар мавзӯи “Нақши соҳаи саноат дар инкишофи иқтисодиёти кишвар” пешбини шуда буд, ки дар ин мавзӯъ Ҷалолов А.Ҷ.. маърӯза намуд. Дар амал татбиқ гардидани пешниҳодҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ ва барои боз ҳам устувор гардонидани инкишофи соҳаи саноат мусоидат намуда, барои рушди босуръати саноат ва дар ин замина баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, таъмини зиндагии шоистаи мардум шароитҳои заруриро фароҳам меоварад. Аз ин лиҳоз, рушди иқтисоди миллӣ яке аз омилҳои муҳими саноатикунонӣ маҳсуб меёбад.