Имрӯз, тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар донишкада қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сурат гирифт. Ба унвонии ректори донишкада сокини ноҳияи Мастчоҳ , ҷамоати деҳоти Палдорак Ашӯров Ёқубҷон ҷиҳати ҳалли масъалаи фарзандаш, ки дар донишкада таҳсил мекунад, муроҷиат намуд.
Ректори донишкада муҳтарам Б. Маҳмадалӣ волидайнро хуш ба ҳузур пазируфта, таъкид намуд, ки ҷиҳати таҳсили хуб тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва хобгоҳи хубу замонавӣ дар ихтиёри донишҷӯён мебошад. Ҳамчунин, ректори донишкада таъкид намуд, ки дари мо ҳамеша барои волидайн боз аст ва марҳамат кай хостед, муроҷиат намоед.
Ҷиҳати баррасии масъала ва дастгирии донишҷӯ ба масъулон дастур дода шуд.
Шуъбаи иттилоот