Тайи як ҳафта боз як гурӯҳи кории омӯзгорон зери роҳбарии омӯзгор Ибрагимова Оирамоҳ дар ВМКБ ба таблиғу ташвиқи ихтисосҳои донишкада машғуланд. Имрӯз, аллакай дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон ва Рошқалъа корҳои таблиғотӣ аз ҷониби омӯзгорон Одинаев Ғаюр, Силмонова Сурма ва Хушҳолбекова Мавҷуда гузаронида шуд. Ва ҳоло, мулоқоту вохӯриҳо бо довлталабон дар макотиби миёна идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавии самти саноат дар миқёси ҷумҳурӣ буда, барои омода намудани мутахассисони баландсоҳаи саноат фаъолият мебарад.
Шуъбаи иттилоот