Баргузории семинари илмӣ – методӣ дар донишкада

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада семинар бо ширкати омӯзгорону муовинони деканҳо оид ба таълим баргузор гардид.
Семинарро нахуст, сардори раёсати таълим Осими Оқил ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки баланд бардоштани малака ва маҳорати педагогии омӯзгорон дар шароити кунунӣ хеле муҳим буда, барои тарбияи мутахассисони соҳавӣ мусоидат менамояд.
Сипас, суханро ба меҳмон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дод, то роҷеъ ба масъалаи мазкур суҳбат намояд.
Дар ҷараёни баргузории семинари мазкур байни омӯзгорон суолу ҷавобҳо сурат гирифт, ки чорабиниро рангинтар намуда, аз ҷониби дигар масъала ҷиддитар матраҳ шуд.

 


Шуъбаи иттилоот