Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади хуб гузаронидани чорабиниҳои дар пешистода ва дигар маъракаҳои илмӣ аз ҷониби шуъбаи маъмуриву хоҷагидорӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Кормандони шуъбаи хоҷагидорӣ гирду атрофи донишкада, гулгашту хиёбонҳои шаҳри Бӯстон ва дигар минтақаҳои ҷамъиятиро имрӯз пурра аз партовҳо ва дигар навъи ифлосиҳои заминӣ тозакорӣ намуданд. Ҳамзамон, хиёбонҳо ва роҳравҳои шаҳри Бӯстон, то минтақаи таъинотӣ пурра тозаву озода карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамарӯза дар донишкада корҳои ободониву созандагӣ ва тозакориҳо сурат мегирад, ки дар он саҳми кормандони хоҷагидорӣ зиёд аст.
Шуъбаи иттилоот