Имрӯз, омӯзгорони донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ва Облоқулов Воҳидҷон дар конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами методикаи таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар МТОК: назария ва амалия” ширкат намуда, суханронӣ намуданд.
Омӯзгори донишкада номзади илмҳои техникӣ Давлатов Давлатмаҳмад дар қатори дигар докторону профессорон дар мавзӯи “Тозакунии обҳои шахтавӣ аз металҳои вазнин” сухан ронда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи мазкур ҷалб намуд.
Таъкид карда шуд, ки масъалаи мазкур нигаронкунада буда, дар рафти таълим бояд донишҷӯён дар корҳои пажӯҳишӣ аз шахтаҳо дидан намоянд ва ҳамчун кори мустақилона масъалаи мазкурро баррасӣ созанд. Ҳамчунин, Давлатов Д. қайд намуд, ки масъалаи мазкур нигаронкунанда буда, аз ҷомеаи илмӣ талаб карда мешавад, ки баҳри ҳалли муаммои мазкур ташаббусҳои илмӣ нишон диҳанд.
Дар интиҳо Давлатов Д. С. роҷеъ ба методикаи таълими фанҳои табиӣ ва дақиқ сухан ронда, барои тезтар аз худ намудани барномаи таълимӣ ба донишҷӯён системаи дугонаро тавсия дод, ки бо амалияву назария метавон ба натиҷаи дилхоҳ расид.
Дар интиҳо барои фаъолияти пурсамари илмӣ ва ҳамкориҳои судманд аз ҷониби ректори ДДҲБС Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир ба Давлатов Д.С. сипоснома тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот