Ҳамватанони азиз!
Бонувони гиромӣ!
Модарони арҷманд!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати “Рӯзи модар” табрику таҳният гуфта, бароятон кулли хӯшиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола рӯзи модарон бо тантанаву шукӯҳи хоса таҷлил карда мешавад ва ин пеш аз ҳама аз мақому мартабаи зан шаҳодат медиҳад. Занони баору номуси тоҷик ҳамеша дар тарбияи насли меҳандӯсту хештаншинос саҳми арзанда мегузоранд, ки бо ҳамин далел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста талош менамоянд.
Ҳамин аст, дар суханронии хеш боре таъкид намуда, чунин андешаронӣ намуда буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Дар ҳақиқат занони баору номуси миллат борҳо исбот намудаанд, ки метавонанд дар баробари мардон барои ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ намоянд.
Аз таърихи пурғановати кишвардории тоҷикон корнамоиву ҷоннисории занон бараъло мушоҳида мешавад ва дар ин маврид достону корномаҳои зиёде навишта шудааст.
Чунончӣ перомуни ин масъала Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои зарин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад».
Ҳамин аст, ки имрӯз ҳам занони далеру шуҷои тоҷик дар мақомҳои баланди хидмати давлатӣ ифои вазифа намуда, дар рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи занону модарони сарбаланди тоҷикро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо ва муваффақиятҳои накӯро таманно менамоям. Ҳамеша сиҳатманду саодатманд бошед, модарони азиз!
Ҷашн муборак бошад, бонувону модарони арҷманд!
Бо эҳтиром,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ