Баҳри татбиқи илм дар истеҳсолот ҳамкориҳои корхонаҳои саноатӣ бо донишкада меафзояд

Дирӯз, ба донишкада тибқи дастури вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир директори генералии корхонаи воҳиди давлатии “Садаф” Ҳомидов Назирҷон ва намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд Шамсиева Наргисхон ташриф оварданд. Меҳмононро муовини ректор оид ба илм,инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо қабул намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда мулоқот намуд.

Таъкид карда шуд, ки минбаъд баҳри пебурди корҳои истеҳсолӣ аз таҷрибаи илмии омӯзгорони донишкада истифода бурда хоҳад шуд ва дар ҳамин замина, аллакай роҷеъ ба татбиқи илм дар истеҳсолот сари як лоиҳаи муҳими саноатӣ муколамаи судманд бо роҳбарияти корхонаи “Садаф” сурат гирифт. 

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ буда, корхонаҳои саноатӣ метавонанд аз таҷрибаи илмӣ-истеҳсолии донишкада фаровон истифода намоянд.

Шуъбаи иттилоот