Бахшида ба “Рӯзи модар” ва эҳтиром гузоштан ба модарон имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Зуфар Муртазохон, муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда ва дигар бонувони фаъоли донишкадаву ҳизб дар назди муҷассамаи “Дуои модар”-и шаҳри Бӯстон гулчамбар гузоштанд.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш, ки дар назди муҷассамаи “Дуои модар”-и шаҳри Бӯстон баргузор гардид, дар васфи зан-модар суханони хубу хотирмоне гуфта шуд.
Шуъбаи иттилоот