Дирӯз, пас аз нисфирӯзӣ миёни бошандагони хобгоҳи рақами 3-и донишкада бозиҳои футболи ҳарифона баргузор гардид, ки дар он ду дастаи футболбозон бо номи “Металлург” ва “Кӯҳкан” ширкат намуданд. Ҳисоби бозингарони дастаҳо мусовӣ анҷом ёфта, бозиҳои ҳарифона миёни дигар дастаҳо боз идома пайдо хоҳад кард.
Ҳамчунин, дар миёни бошандагони хобгоҳ вобаста ба таҷлили “Рӯзи модар” мусобиқаҳои дигаре амсоли бозии шоҳмот ва нард низ дар нақша гирифта шудааст, мегӯят масъули хобгоҳҳои донишкада Ёрматова Хосият.
Шуъбаи иттилоот