Тибқи нақшаи баргузории семинари илмӣ-методии кафедраҳои ташкили ҳамлу нақл ва металлургия санаи 24-феврали 2022 сол дар синфхонаи 17г семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки садорати факултети металлургия ва омӯзгорони кафедраҳои факултет баргузор гардид. Муовини декани факултети металлургия, омӯзгори кафедраи мазкур Ғоибов А.Ё. оид ба мавзӯи “Гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳои академӣ” баромад намуда, доир ба мавқеъ ва муҳимияти он дар сатҳи лозимӣ баргузор намудани соатҳои тарбиявӣ, интихоби мавзӯҳои соатҳои тарбиявӣ ва ғайра сухан ронд. Оид ба ин масъала муаллими калони кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Р.М., муаллими кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Муҳаммадиев А., мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Эшонқулов И.А., мудири кафедраи металлургия Қодиров А.А., ба музокира баромада ба саволҳои худ посух гирифтанд. Декани факултети металлургия н.и.п., дотсент Шамсидинов Ш.М. оид ба ин масъала ҷиҳати муҳимияти мавзӯъ сухан ронда, барои беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ ба масъулин дастурҳо дод.
Сипас, мудири кафедраи металлургия Қодиров А. дар мавзӯи “Таҳлили технологияҳои самараноктарини истеҳсоли молибден” баромад намуда, оид ба роҳҳои самаранок истеҳсол намудани молибден дар хориҷи кишвар ва беҳбудиву камбудии ин роҳҳо маълумоти муфассал дод. Оид ба ин масъала дотсенти кафедраи металлургия Мӯминов У., омӯзгори кафедраи металлургия Раҳимов Ҳ.Ш., декани факултети металлургия Шамсидинов Ш.М., ва муовини декан оид ба корҳои илм Усмонов Ш.Ҷ. ба музокира баромада, фикру ақидаи худро баён намуданд.
Дар охир декани факултети металлургия н.и.п., дотсент Шамсидинов Ш.М. оид ба беҳтар намудани корҳои ташкилии семинару маҳфилҳои илмӣ дар факултет ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.