Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар қавонини миллӣ сухан намуда, сипас суханро ба сардори ШВКД-и шаҳри Бӯстон генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ дод.
Генерал Искандарзода М. роҷеъ ба риоияи тартиботи ҷамъиятӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, меҳандӯстӣ, ҷасорат, шуҷоат ва мардонагиву хизмати модар Ватан, қарзи ҷавонмардӣ сухан ронда, ба ҷавонон бо мисолу арқоми дақиқ ба исботи масъала пардохт.
Ҳамчунин, перомуни пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда, таъки намуд, ки дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳони муосир ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи арзишҳои олии давлативу миллӣ талош намоянд.
Дар интиҳо сардори ШВКД-и шаҳри Бӯстон генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад Сипосномаи ШВКД дар шаҳри Бӯстонро тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоот