Тибқи ҷадвали дарси донишҷӯёни бахши 3-уми ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ гурӯҳи русӣ факултети корҳои кӯҳӣ санаи 19-уми феврали соли 2022 дарси амалиро аз фанни “Ҷамъоварӣ ва омодасозии маҳсулоти чоҳҳои нафтӣ” дар филиали кафедра ва маркази ҷамъоварӣ ва омодасозии нафти ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди “Петролеум Суғд” таҳти роҳбарии мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Олимов А.А. ва омӯзгори калон муштараквазифаи берунӣ Назиров А.Ҳ. баргузор гардид.
Ҳангоми дарси амалӣ донишҷӯён бо таҷҳизотҳо ва технологияи омодасозии нафт шинос шуданд. Донишҷӯён бо таҷҳизотҳои таҳшинкунакҳои амудӣ, уфуқӣ, таҷҳизот барои вайрон намудани эмулсияҳои нафтӣ, қатраҳосилкунак, насосҳо барои интиқол ва ворид намудани деэмулгатор ба ҷараёни нафт, зарфҳо барои нигоҳ доштани нафт шинос шуданд.
Омӯзгорон ва муҳандиси маркази ҷамъоварӣ ва омодасозии нафт донишҷӯён оиди раванди шустани таркиби нафт аз намакҳо бо ёрии оби тоза, кам кардани обҳои қабатӣ бо ёрии моддаҳои кимиёвӣ-деэмулгаторҳо, омода намудани нафти молӣ тибқи стандарти давлатӣ “Нафт. Нафт барои корхонаҳои коркард бо усули ҳароратию-кимиёвӣ шинос намуданд.
Инчунин донишҷӯён дар озмоишгоҳи кимиёвӣ бо усулҳои гузаронидани ташхиси муайян намудани зиччӣ, миқдори об, ҳаҷми обҳои озод шинос шуданд.