Имрӯз дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро нахуст, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба таъсисёбии Артиши миллӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди артиш изҳори андеша намуд. Сипас, илова намуд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ кунун ба як неруи пуриқтидор табдил ёфт.
Дар интиҳо ба як қатор фаъолони донишкада мукофотҳо тақдим карда шуд.
Сипас, чорабинии фарҳангӣ бо ширкати сарояндагон ва ҳунармандони ансамбли “Ҷилои ёқут”-и донишкада манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи иттилоот