ДКМТ БО КИ ҲХДТ ба конфронси илмӣ-амалии “ПАЁМИ РАҲНАМО” даъват менамояд

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 2 марти соли 2022 Конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “ПАЁМИ РАҲНАМО” бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Самтҳои асосии кори конфронс:
>> Инъикоси масъалаҳои умдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар: моҳият ва дурнамо;
>> Тадбирҳои амалисозии эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” дар кишвар;
>> Инъикоси таъминоти гуногунҷабҳаи амнияти миллӣ ва минтақавӣ;
>> Омилҳои рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар ҳамчун нуктаи муҳимтарини Паём;
>> Рушди илм ва низоми таълим дар кишвар.
Конфронс бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад.
Барои шомил шудан ба ҳайати иштирокчиёни конфронс, инчунин саривақт нашр кардани фишурда ё маърӯзаҳо ба имейли дар фавқ оварда шуда, бинависед.

 

Телефонҳо барои тамос: +992938053500,
+992988853500
hhdt.buston@mail.ru