Тавре, ки директори китобхонаи илмӣ-электронии донишкада Танжихолова Шаҳноза иттилоъ медиҳад, ҳафтаи равон чандин китобҳои нави илмӣ ва бадеӣ бо ташаббуси ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба китобхонаи донишкада харидорӣ карда шуд.
Китобҳои “Менеҷмен” ХV-и муаллиф Ғаниев Таваралӣ 20 адад, “Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (Русӣ-тоҷикӣ)” 35 адад, ки муаллифонаш Ҳабибов Х., Фақеров Н., Ҷамшедов М., мебошанд, ки аз адабиётҳои тозавародшуда ба китобхонаи донишкада буда, донишҷӯён метавонанд, шурӯъ аз имрӯз ба ин ганҷинаҳои илмӣ дастрасии озод дошта бошанду аз он фаровон барои такмили донишҳои иқтисодии хеш истифода созанд.
Шуъбаи иттилоот