Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва амали гардонидани нуктаҳои муҳими вобаста ба маориф дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва васеъ ифтифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ, ки дар оянда қабул карда мешавад, дар донишкада як қатор корҳои зарурӣ анҷом дода шуд ва барои ба ҳадаф расидан ҳатто мутахассисони хориҷӣ низ ба ҳамкорӣ даъват карда мешаванд, ки мисоли он ҷалби омӯзгорони кореягӣ баҳри омӯхтани зеҳни сунъӣ мебошад.
Имрӯз, омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба тариқи маҷозӣ аз омӯзгорони Ҷумҳурии Корея дарси “зеҳни сунъӣ” гирифтанд. Дар соати аввали дарс роҷеъ ба зеъни сунъӣ, зарурият ва аҳмияту муҳимияти он ба шунавандагон омӯзгори кореягӣ маълумот дод. Сипас, суолу ҷавоби озод байни омӯзгорон сурат гирифт ва шунавандагон ба суолҳои худ аз омӯзгори кореягӣ посух гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дарси мазкур бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст ва маблағи курсҳои кутоҳмуддати маҷозӣ пурра аз ҷониби донишкада пардохт карда шудааст.
Қарор аст, ки ихтисосҳои “зеҳни сунъӣ” дар донишкада таъсис дода шавад ва феълан омӯзгорон дар марҳалаи аввали омӯзиш қарор доранд.