Санаи 7-уми феврали соли 2022 вохӯрии донишҷӯёни бахши 3-уми ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ факултети корҳои кӯҳӣ бо Отаҷонов Ҷаҳонгир хатмкардаи ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ соли 2018 бо иштироки мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Олимов А.А. ва омӯзгор Почоев А.А. баргузор гардид.
Отаҷонов Ҷаҳонгир баъди хатми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистор дар корхонаи таъмири ҷорӣ ва капиталии чоҳҳои нафту гази “Инкомнефть” Федератсияи Росия ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намуд. Ҳоло дар вазифаи пармагари дараҷаи 5-ум кор карда истодааст. Ҳангоми вохурӣ Отаҷонов Ҷаҳонгир қайд намуд, ки дипломи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро дар корхонаҳои азими соҳаи саноати нафту газ истихроҷкунандаи Федератсияи Росия эътироф намуда ва зиёда аз 200 нафар хатмкунандагони ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ фаъолият намуда истодаанд.
Оиди шароити корӣ, маош, таҷҳизотҳои муосир, технологияи таъмири ҷорӣ ва капиталии чоҳҳо дар байни донишҷӯёни бахши 3-ум ва хатмкунанда мубодилаи афкор суръат гирифт.