Муносибат ва дӯстиву бародарии кишвари мо бо кишварҳои зиёди олам имрӯзҳо хеле густариш ёфтааст ва хушбахтона имрӯз мо солгарди ин санаҳои некро дар фазои сулҳу субот ва дӯстии комил таҷлил менамоем.
Дар ҳамин ҳошия санаи 04.02.2022с. дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (Қалъаи Хуҷанд) намоиши мусаввараҳои рассоми Ҷумҳурии мардумии Чин – Йо Фенг Бин ( Yao Feng Bin) бахшида ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони хориҷӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар мактабҳои олии вилоят ширкат варзиданд. Бояд инро қайд намуд, ки аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон кормандони раёсати илм, инноватсия ва робииаҳои байналмилалӣ, раёсати таълим, раёсати кор бо ҷавонон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Гуфтан ба маврид аст, ки гардонандаи чорабинӣ – муовини аввали ректор оид ба таълим профессор Насриддинов Замониддин буд.