Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин аз факултети корҳои кӯҳӣ боздид ба амал оварда бо донишҷӯён мулоқот намуданд. Зимни боздид, роҳбари донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба синфхонаҳо ворид шуда, бо донишҷӯён ошкоро суҳбат намуд. Таъкид карда шуд, ки донишкада тамоми талошҳояшро ба харҷ медиҳад, то хатмкунандагонашро бо ҷойи кор аз рӯи ихтисос таъмин намояд, вале аз Шумо донишҷӯён талаб карда мешавад, ки хубу аъло хонед, мутахассиси хуб шавед. Имсол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шуд ва дар ин давра зиёда аз 500 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад, ки дар ҳамаи ин донишҷӯёни мо бояд фаъолият намоянд. Аз ҳамин лиҳоз, Шумо донишҷӯёни муҳтарам хуб хонед ва касбро аз худ намоед…
Сипас, аз озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои графикаи компютерӣ дидан намуда, бо донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3 мулоқот намуда, ба декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули дастур доданд, мулоқоти донишҷӯёнро бо ректори донишкада ташкил намоянд ва бигзор омӯзгорону донишҷӯён дархосту пешниҳод ва арзихудро бигзор ошкоро бигӯянд.
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин супориш дод, ки дар синфхонаҳои компютерӣ боз компютерҳои наву замонавӣ харидорӣ карда шавад, то ҳамаи донишҷӯён тавонанд хуб омӯзанд.
Шуъбаи иттилоот