Имрӯз, омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумишаҳрӣ ширкат намуданд. Омӯзгорон аз гулгашту хиёбонҳои назди донишкада, то хиёбони назди фурудгоҳ ҳама ҷоро аз партовҳо тозаву пок намуданд. Ҳамчунин, тозакорони донишкада дар тозаву покиза намудани майдони Парчам низ саҳм гузошта, он ҷо низ фаъолона ба корҳои тозакорӣ пардохтанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар тамоми шаҳри Бӯстон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар донишкада ҳам зери аксияи “Муҳитро тоза нигоҳ медорем” гузаронида шуд.